Узри ҷолиби Бутефлика барои дидор накардан бо Бин Салмон
(last modified 2018-12-03T15:44:37+00:00 )
Декабр 03, 2018 20:44 Asia/Dushanbe
  • Узри ҷолиби Бутефлика барои дидор накардан бо Бин Салмон

Ниҳоди раёсатҷумҳурии Алҷазоир рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, Абдулазиз Бутефлика, раисҷумҳур бо вуҷуди барномарезии қаблӣ, валиаҳди Арабистонро ба ҳузур намепазирад.

Дар ин баёния иллати ба ҳузур напазируфтани Бин Салмон, сармохурдагии шадиди Бутефлика эълом шудааст.

Дар ҳамин ҳол эътирозҳо ба сафари валиаҳди Саудӣ ба Алҷазоир, муҷиби лағви конфронси расонаии ӯ дар ин кишвар шуд.

Бин Салмон якшанбе шаб дар миёни эътирозоти густардаи мардумӣ вориди Алҷазира, пойтахти Алҷазоир шуд.

17 шахсияти расонаӣ ва фарҳангии барҷастаи Алҷазоир бо интишори баёнияе ба сафари Бин Салмон ба ин кишвар мухолифат карданд ва онро таҳрики алҷазоириҳо донистанд.  

Бин Салмон ҳафтаи гузашта дар сафар ба Тунис ҳам ба далели эътирозҳо ва аз бими суолоти баҳсбарангези хабарнигорон, маҷбур шуд, конфронси расонаии худро лағв кунад.