Истиқболи ҷунбиши Ансоруллоҳ аз тарҳи пешниҳодии Гриффитс
Ҳайъати музокиракунандаи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аз тарҳи пешниҳодии намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар бораи устони Таиз, истиқбол кард.
Дар тарҳи пешниҳодии Мартин Гриффитс намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Яман, бар оташбаси ҳамаи тарафҳои даргир ва коҳиши таниш дар устони Таиз ва низ бозгушоии ҳамаи роҳҳо ва гузаргоҳҳо аз ҷумла фурудгоҳҳо таъкид шудааст.
Абдулмалик Алаҷарӣ, сухангуи ҳайъати ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар музокироти Стокголми Шветсия гуфт: Тавофуқ шуд, музокирот бар меҳварҳои сиёсӣ, фурудгоҳи Санъо, иқдомот ва рӯйкардҳои иқтисодӣ ва кумакҳо ва имдодҳои башардӯстона ва асирон мутамарказ шавад.
Чаҳорумин даври музокироти сулҳи Яман аз 6 декабр бо ҳузури тарафҳои яманӣ ба ҳамроҳи Мартин Гриффитс намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар Стокголми Шветсия ба муддати як ҳафта оғоз шудааст.
Аз замони оғози музокироти сулҳи Яман дар Шветсия, на танҳо ҳамалоти саудиҳо ва муттаҳидони онҳо коҳиш наёфта, балки шадидтар низ шудааст.