Декабр 14, 2018 21:26 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Ансоруллоҳ дар музокироти сулҳи Яман

Музокироти сулҳи Яман дар Шветсия бо назорати Созмони милал рӯзи панҷшанбе ба тавофуқи Ансоруллоҳ ва давлати ба истеъфо рафта дар бораи таваққуфи ҷанг дар шаҳри Алҳудайда воқеъ дар соҳили Баҳри Сурх анҷомид.

Ба гузориши ИРНА, тарафҳои ширкаткунанда дар музокироти Шветсия рӯзи гузашта ба тавофуқҳои муҳиме, аз ҷумла ақибнишинии неруҳои низомии ду тараф аз шаҳр ва бандари Алҳудайда дар муддати 14 рӯз даст ёфтанд.

Музокироти сулҳи Яман, ки панҷшанбеи гузашта дар Шветсия оғоз шуд, фурсате барои дастёбӣ ба поён додан ба ҷанги чаҳорсолаи Яман аст, ки то кунун беш аз 14 ҳазор кушта ва ҳазорон захмӣ ба ҷо гузоштааст.

Дар ин иҷлос, ҳайати музокиракунандаи Ансоруллоҳи Яман, беш аз ҳазор акс ва брашура аз ҷиноёти этилофи Саудӣ алайҳи мардуми Яманро миёни намояндагони кишварҳо пахш кард.