Бархӯрди сиёсии Арабистон бо фаризаи ҳаҷ
(last modified Tue, 13 Sep 2016 13:04:52 GMT )
Сентябр 13, 2016 18:04 Asia/Dushanbe
  • Бархӯрди сиёсии Арабистон бо фаризаи ҳаҷ

Ноиби раиси парлумони Сурия гуфт, Арабистон бо фаризаи ҳаҷ бархӯрди сиёсӣ мекунад.

Исмоил Наҷдат Анзур, ноиби раиси парлумони Сурия рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфтаааст, ҳар сол гурӯҳе аз мусалмонони бархе аз кишварҳо ба далели бархӯрди сиёсии Арабистон аз анҷоми маносики ҳаҷ маҳрум мешаванд. Ӯ гуфтааст, мудирияти ҳаҷ бояд ба дур аз сиёсат, мустақил аз аҳдофи сиёсии давлатҳо бошад ва оқилону олимони ҷаҳони Ислом бояд битавонанд дар ояндаи наздик Арабистонро қонеъ ё маҷбур ба тағйири сиёсатҳои ғалат кунанд.

Ноиби раиси парлумони Сурия таъкид кардааст, саудиҳо, ки аз терроризм ҳимоят мекунанд, наметавонанд идоракунандаи макони муқаддасе монанди хонаи Худо бошанд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, Арабистон дар ояндаи наздик масрафи сангини дахолат дар Яман, минтақа ва ҳимоят аз терроризмро хоҳад пардохт.

Саудиҳо имсол ба далоили бепоя монеи ҳузури зоирони бархе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрон ва Сурия дар маносики ҳаҷ шуданд. Монеагузории саудиҳо аз эъзоми зоирони эронӣ ба ҳаҷ дар ҳолест, ки ҳазорон зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ дар Иди Қурбони соли гузашта дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамин Мино ба далели бетадбирии масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.