Декабр 15, 2018 17:35 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи сулҳ бо Яман дар 24 соат 21 бор нақз шуд

Эътилофи кишварҳои муҳоҷим ба Яман ба саркардагии Арабистон, танҳо дар 24 соати нахусти тавофуқномаи сулҳ ва оташбас дар Ал Ҳудайда, 21 бор онро нақз ва ба шаклҳои мухталиф ба шаҳри Ал Ҳудайда ҳамла кард.

Ба гузориши Ал Олам, дар ҳоле, ки муддатзамони зиёде аз тавофуқи оташбас дар Ал Ҳудайдаи Яман намегузарад, манобеи хабарӣ аз вуқӯи даргириҳое дар манотиқи атрофи шарқи Ал Ҳудайда хабар медиҳанд.

Полковник Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши Яман гуфт, дар 24 соати нахуст пас аз музокироти Шветсия, эътилофи ба саркардагии Арабистон 21 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода ва тӯпхонаҳои онҳо беш аз 100 хумпораро ба сурати беҳадаф ба сӯи манотиқи маскунии шаҳри Ал Ҳудайда шиллик карданд.

Яҳё Сареъ изофа кард, ки артиш ва кумитаҳои мардумии Яман талош доранд то шароитро барои муваффақияти талошҳои сулҳ фароҳам кунанд ва ба дарду ранҷи мардуми Яман поён диҳанд.

Вай таъкид кард, ки артиш Яман омодаи посух ба ҳаргуна нақзи оташбас аст.

Ҳамлаи эътилофи Арабистон ба Ал Ҳудайда танҳо чанд соат пас аз он рӯй дод, ки тарафҳои яманӣ дар музокироти Стокҳолм бар таваққуфи фаврии даргириҳо дар Ал Ҳудайда ва бандаргоҳҳои он, тавофуқ карданд.