Сарнагун шудани ҷангандаи Исроил дар Сурия
(last modified Tue, 13 Sep 2016 13:20:48 GMT )
Сентябр 13, 2016 18:20 Asia/Dushanbe
  • Сарнагун шудани ҷангандаи Исроил дар Сурия

Нерӯҳои зиддиҳавоии артиши Сурия як ҷанганда ва ҳавопаймои бесарнишини артиши режими саҳюнистиро бар фарози хоки Сурия сарнагун карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "ал-Ахбория"-и Сурия, фармондеҳи артишу нерӯҳои мусаллаҳи Сурия рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, як ҷангандаи режими саҳюнистӣ, ки бомдоди сешанбе бо ҳадафи ҳамла ба пойгоҳҳои артиши Сурия вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар дар минтақаи Қунайтара шуда буд, тавассути нерӯҳои зиддиҳавоии артиши Сурия сарнагун шуд. Артиши Сурия ҳамчунин аз сарнагун шудани  ҳавопаймои бесарнишини саҳюнистӣ дар ин минтақа хабар дод.

Дар баёнияи фармондеҳи артишу нерӯҳои мусаллаҳи Сурия омадааст, таҷовузи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба наздикиҳои Қунайтара дар ростои боло бурдани рӯҳияи террористҳо, ки бо шикастҳои пай дар пай рӯ ба рӯ шудаанд, сурат гирифтааст.

Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ пештар низ мавозеи артиши Сурияро дар Ҷавлони Сурия ҳадаф қарор дода буданд. Ҳамчунин эълом шуд, артиши Сурия ҳам бо истифода аз мӯшак муваффақ шуд, се дастгоҳи танки террористҳоро ҳамроҳи сарнишинони онҳо дар шимоли Қунайтара ҳадаф қарор диҳад ва аз байн барад. Нерӯҳои артиши Сурия ҳамчунин ҳамлаи террористҳои мавриди ҳимояти режими саҳюнистиро ба мавозеи худ дар наздик ба Қунайтара баратарф карданд.