Ҷое, ки қабурғаҳои кӯдакони гурусна шумурда мешавад+филм
Ҷаҳон дар ҷанг алайҳи қаҳтӣ дар Яман шикаст хӯрдааст ва буҳрони инсонии ин кишвари фақири арабӣ аз бадтарин буҳронҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Ба гузориши Алолам, бо гузашти 1350 рӯз аз таҷовузгарии эътилофи Саудӣ-Иморотӣ алайҳи мардуми Яман, беш аз 22 миллион яманӣ барои фирор аз гуруснагӣ, вабо, марг ва муҳосира ҳар чӣ сареътар ниёз ба кумакҳои инсондӯстона доранд, аммо ҷаҳон ҳанӯз дар баробари ҷиноёте, ки этилофи Саудӣ алайҳи мардуми Яман сурат дода, он тавр ки бояд, мавзеъ нагирифтааст.
Ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милал дар баёнияи поёнии гуфтугӯҳои сулҳи Яман дар Шветсия эълом карда буд, ки ин кишвар дар вартаи фоҷиаи бузурги инсонӣ қарор дорад ва ҳанӯз фурсати ҷуброн вуҷуд дорад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар Яман ҳар 10 дақиқа як кӯдак аз гуруснагӣ, вабо ё бомбаборони эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар ҳоли ҷон додан аст.
Ҳамчунин беш аз 5 миллион кӯдак дар маърази хатари қаҳтӣ қарор доранд, аммо Созмони милал танҳо ба судури баёнияҳои ҳушдоромез ва музокироти начандон ҷиддӣ сирфан дар ростои сарпӯш гузоштан бар шикасти эътилофи Саудӣ ва берун кашидани он аз ботлоқи Яман рӯй овардааст!
Масъулони байналмилалӣ мегӯянд, ки акнун беш аз 14 миллион нафар аз мардуми Яман аз зану мард ва кӯдак бо қаҳтӣ ва беш аз ду миллион нафар бо бемории вабо дасту панҷа нарм мекунанд.