Декабр 16, 2018 13:39 Asia/Dushanbe
  • Орзуи дастнаёфтнии писари Натанёҳу!

Писари нахуствазири режими саҳюнистӣ бо иҳонат ба мусулмонон орзу кард, ки рӯзе онон сарзаминҳои ишғолиро тарк кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ёъир Натанёҳу писар Бинёмин Натанёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ шанбе дар сафҳаи Фейсбуки худ муддаӣ шуд, ки сулҳу оромиш дар сарзаминҳои ишғолӣ бидуни хуруҷи шаҳрвандони араб муяссар нахоҳад шуд.

Вай дар ҳамчунин навишт: «Сулҳ то замоне, ки яке аз ин ду ҳолат рух надиҳад, муҳаққақ нахоҳад шуд: Аввал, ҳамаи яҳудиён сарзамини Исроилро тарк кунанд; Дувум, тамоми мусулмонон сарзамини Исроилро тарк кунанд ва ман умедворам дувумӣ рух диҳад.»

Ёъир Натанёҳу сипас муддаӣ шуд, ки дар кишварҳои Исландия ва Япония, ки ҷамъияти мусулмон надоранд, ҳеҷ ҳамлаи харобкоронае сурат намегирд.

Писари Натанёҳу 2 сол пеш низ аз қонуни мамнуъияти пахши азон ҳимоят карда буд.