Декабр 17, 2018 11:58 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Ироқ тобеияти англисии худро лағв кард

Раисиҷумҳури Ироқ дар чорчӯби амал ба Қонуни асосии ин кишвар, аз тобеияти дувуми худ инсироф дод.

Ба гузориши Порс Тудэй, Барҳам Солеҳ (Barham Salih), ки авоили октябри гузашта ба унвони раисиҷумҳури Ироқ интихоб шуд, рӯзи якшанбе эълом  кард, бо ҳадафи амал ба Қонуни асосии ин кишвар, ки ду шаҳрвандиро барои масъулони давлатӣ ва амниятии олирутбаи кишвар мамнуъ карда, аз тобеияти англисии худ инсироф додааст.

Барҳам Солеҳ октябри гузашта дар даври дувуми раъйгирӣ дар парлумони Ироқ барои интихоби раисиҷумҳури ин кишвар, тавонисти аксарияти оро (219 раъй)-ро касб кунад.

Солеҳ пас аз адои савганд тасреҳ кард, аз ин пас раисиҷумҳури ҳамаи мардуми Ироқ хоҳад буд.

Раисиҷумҳури ҷадиди Ироқ бо таъкид бар ин ки ба Қонуни асосии ин кишвар пойбанд хоҳад буд, таъкид кард, ҳомии Ироқи якпорча аст.

 

Барчасп