Зимзимаҳои барканории валиаҳд, ҷонишини Бин Салмон кист?
(last modified 2018-12-17T15:32:24+00:00 )
Декабр 17, 2018 20:32 Asia/Dushanbe
  • Зимзимаҳои барканории валиаҳд, ҷонишини Бин Салмон кист?

Рӯзномаи лубнонии Алдиёр аз тасмими подшоҳи Саудӣ барои барканории Муҳаммад бин Салмон ва таъини писари дигараш Холид ба унвони валиаҳди ин кишвар хабар дод.

Алдиёр навиштааст, ки шоҳзодаи Саудӣ Аҳмад бин Абдулазиз, бародари кӯчаки Малик Салмон, подшоҳи Арабистон аз сӯи вай маъмур шудааст, то валиаҳди ҷадидеро барои ин кишвар интихоб кунад.

Ин рӯзнома менависад: Малик Салмон мехоҳад, салтанатро ҳифз кунад ва ба ҳамин иллат бо таъини писараш Холид ба ҷои Муҳаммад мувофиқ аст, то ба ин шакл масъалаи Хошуқчӣ ҳал шавад.  

Рӯзномаи лубнонии Алдиёр ҳамчунин аз сафари шоҳзода Аҳмад бин Абдулазиз ба дархости подшоҳи Саудӣ аз Лондон ба Риёз хабар додааст.  

Аҳмад бин Абдулазиз, ки аз мухолифони миёнарави Муҳаммад бин Салмон маҳсуб мешавад, пешниҳод кардааст, Холид бин Салмон, бародари Муҳаммад бин Салмон ҷойгузини вай шавад.

Холид бин Салмон акнун сафири Саудӣ дар Вашингтон аст.