Ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба мадрасае дар Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i4051-Ҳамлаи_ҳавоии_Арабистон_ба_мадрасае_дар_Яман
Ҷангандаҳои Арабистон дар идомаи таҷовуз ба Яман ва бомбаборони марокизи ғайринизомӣ, мадрасаеро дар устони Саъда, дар шимолу ғарби Яман бомбаборон карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 14, 2016 11:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба мадрасае дар Яман

Ҷангандаҳои Арабистон дар идомаи таҷовуз ба Яман ва бомбаборони марокизи ғайринизомӣ, мадрасаеро дар устони Саъда, дар шимолу ғарби Яман бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Алмассира"-и Яман, ҷангандаҳои артиши Арабистон бомдоди рӯзи чаҳоршанбе мадрасае дар минтақаи Оли Уқоби шаҳри Суҳор, дар устони Саъдаро бомбаборон карданд, ки бар асари он, ин мадраса комилан тахриб ва ҳамчунин хисоратҳои зиёде низ ба хонаҳои атроф ворид шуд. Ҷангандаҳои мутаҷовиз ҳамчунин як нуқтаи сӯхтро дар шаҳри Суҳор бомбаборон ва тахриб карданд.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ ду бор ҳам минтақае дар Санъо, пойтахти Яманро ҳадаф қарор доданд. Аз сӯйи дигар, тӯпхонаи артиши Арабистон ҳам ҳамла ба манозили маскунии воқеъ дар манотиқи Оли Шайх ва Оли Умари шаҳри марзии Манбаро аз сар гирифтанд. Аз талафоти эҳтимолии ин ҳамалот гузорише дарёфт нашудааст.

Г узориши дигаре баёнгари он аст, ки дар пайи инфиҷори як бомбаи ба ҷой монда аз таҷовузи Арабистон ба Яман, дар шаҳри Хулон, аз тавобеи устони Санъо низ чаҳор зани яманӣ кушта ва шуморе низ захмӣ шудаанд.

Дар ҳамалоти ҳавоии артиши Арабистон ба Яман то кунун садҳо мадраса, бемористон, хона ва бозор тахриб шудаанд.