Январ 01, 2019 13:09 Asia/Dushanbe
  • Тахриби ҳудуди се ҳазор манзили фаластиниён дар соли 2018

Ишғолгарони саҳюнист дар соли гузашта ду ҳазору 775 манзили фаластиниёнро дар минтақаи Аннақб, ҷануби Фаластини ишғолӣ тахриб карданд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии “Фаластин”, Ариел Авери, вазири кишоварзии режими ишғолгари Қудс тахриби хонаҳои фаластиниёнро дастоварди бузург барои Исроил дониста муддаӣ шуд, ҳадафи артиши ин режим аз тахриб муқобила бо падидаи сайтараи арабҳо бар арозии ба истилоҳ исроилӣ аст.

Режими саҳюнистӣ дар идомаи сиёсатҳои яҳудисозии худ пештар ҳам барои саду сию дувумин бор манозили рустои Алароқиб, шимоли минтақаи Баъруссабъ дар саҳрои Нақбро ба манзури сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин ва берун рондани сокинони аслии он тахриб кард.

Режими саҳюнистӣ барои таҳти фишор қарор додани фаластиниён иқдом ба мусодира ва тахриби заминҳо ва сохтмонҳои онон мекунад, то битавонад заминҳои бештаре аз фаластиниёнро ишғол кунад ва шаҳракҳои саҳюнистиро густариш диҳад.

 

Барчасп