Январ 05, 2019 16:13 Asia/Dushanbe
  • Нақши суботофарини Эрон дар Сурия

Коршиноси рус гуфт, ки Эрон дар таъмини субот ва оромиш дар Сурия нақши мусбат ва қобили таваҷҷуҳ дорад.

Станистлав Притчин, раиси Маркази мутолеоти Осиё ва Қафқози Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, Эрон дар раванди ҳаллу фасли сиёсии буҳрони Сурия нақши мусбате дорад.

Ин коршинос афзуд, иддаоҳои Вашингтон мабнӣ бар нақши мухарриби Эрон дар Сурия воқеият надорад ва бо ҳадафи сиёсӣ сурат мегирад.

Ба гуфтаи Притчин, Эрон ва Русия дар таъмини амнияти Сурия ва кумак ба артиши ин кишвар дар поксозии манотиқи мухталиф аз террористҳои мавриди ҳимояти бархе кишварҳо, аз ҷумла Амрико нақши муҳиме доранд.

Коршиноси рус хотирнишон кард, мубориза бо терроризм дар Сурия ба поён нарасидааст ва ниёз ба мушорикати Эрон ва Русия дар ин арса то ғалабаи комил бар террористҳо вуҷуд дорад.

Притчин гуфт, сиёсати Доналд Тармп, раисҷумҳури Амрико барои хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия мубҳам ва номушаххас аст.

Доналд Трамп 19 декабри 2018 эълом кард, нерӯҳои ин кишвар дар бозаи замонии 30 рӯза аз Сурия хориҷ мешаванд, аммо пас аз вокунишҳои манфӣ изҳор дошт, ин хуруҷ ором ва 120 рӯза хоҳад буд.

 

 

Барчасп