Январ 08, 2019 15:29 Asia/Dushanbe
  • Cафари давраии вазири хориҷаи Амрико ба Ховари Миёна

Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико сафари худро ба Ховари Миёна аз сешанбеи 8 январ оғоз кард ва то 15 январ аз Урдун, Миср, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Арабистони Саудӣ, Умон ва Кувайт дидор мекунад.

Пампео дар оғози ин сафар дар паёме дар сафҳаи Твиттери худ навишт: “Имрӯз ба манзури ирсоли паёми возеҳе ба дӯстон ва шариконамон дар Ховари Миёна дар хусуси ин ки Амрико ба ин минтақа ба шикасти ДИИШ ва муқобила бо фаъолиятҳои суботзудоии Эрон мутааҳҳид аст, роҳии Ховари Миёна шудам”.

Сафари давраии Пампео дар бурҳаи кунунӣ бо таваҷҷуҳ ба масоиле, ки Амрико дар минтақа бо онҳо мувоҷеҳ аст, аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Яке аз муҳимтарин масоиле, ки вай бояд ба он бипардозад, ояндаи равобити Амрико ва Арабистони Саудӣ бо таваҷҷуҳ ба идомаи буҳрони қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори муътаризи саудӣ аст, ки 2 октябр дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ба қатл расид ва ба эътирофи Созмони иттилооти марказии Амрико (СИА) Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд ва ҳокими воқеии Арабистон нақши аслиро бо дастури ин иқдоми фаҷеъ доштааст. Ин масъала дар арсаи сиёсати дохилии Амрико дардисарҳои зиёде барои Доналд Трамп, раисҷумҳур фароҳам карда ва маҷлиси сенат мусавваботе дар заминаи муҷозоти режими Саудӣ ва низ поён додан ба нақши Вашингтон дар ҷанги Яман доштааст.

Акнун Пампео дар сафар ба Арабистон бояд Бин Салмонро дар бораи идома ёфтани ҳимояти Вашингтон аз вай мутмаин созад. Бо вуҷуди муҳокимаи авомили қатли Хошуқҷи дар Арабистон, аммо аз дидгоҳи бисёре аз таҳлилгарон ва ҳатто мақомоти Вашингтон ин як иқдоми намоишӣ ва зоҳирӣ аст.

Бад-ин тартиб, Пампео дар сафар ба Риёз талош хоҳад кард мақомоти аршади саудиро ба суръат додан дар раванди расидагӣ ба парвандаи қатли Хошуқҷи ташвиқ кунад то ин режим битавонад ба маҳофили байналмилалӣ ва афкори умумии ҷаҳон тавзеҳи қонеъкунанда дар бораи қатли вай диҳад.

Масъалаи дигаре, ки Пампео дар ин сафар дунбол мекунад, итминон додан ба муттаҳидони минтақаии Вашингтон дар бораи идома ёфтани сиёсати кунунии Амрико дар минтақа, яъне идомаи ҳузур дар Ховари Миёна ва муқобила бо Эрон аст.

Ҳарчанд Пампео иддао карда, ки бо вуҷуди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия, Вашингтон ҳамчунон ба сиёсати минтақаии худ ва мубориза бо ДИИШ пойбанд аст. Бо ин ҳол ин иддаоҳо муҷиби коҳиши нигаронии шарикони Амрико нашудааст.

Амрико ҳамвора аз сиёсатҳои минтақаии Теҳрон интиқод карда ва ҳимояти Эрон аз ҷунбишҳои зиддисаҳюнистие монанди ҷунбиши Ҳизбуллоҳ ва ҲАМОС - ро ба ҳимоят аз терроризм таъбир кардааст.

Бо вуҷуди иддаоҳои газофу беасоси вазири хориҷаи Амрико, ки талош карда то нақш ва нуфузи минтақаии Эронро амре манфӣ ҷилва диҳад, аммо акнун ҳатто муттаҳидони аврупоии Вашингтон низ бар аҳамияти нақши Эрон дар суботи Ховари Миёна эътироф мекунанд.

 

Барчасп