Январ 12, 2019 16:32 Asia/Dushanbe
  • Мухолифи сурӣ: Кишварҳои арабӣ моро монанди дастмолкоғазӣ дур андохтанд

Як мухолифи сурӣ дар ҷараёни дидор бо шуморе аз саркардаҳои гурӯҳҳои террористӣ гуфт, кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс ба онон гуфтаанд, ки дигар ба онҳо ниёзе надоранд.

Рӯзномаи “Алахбор” - и Лубнон имрӯз, шанбе ба нақл аз яке аз чеҳраҳои саршиноси мухолифи Сурия гузориш дод, ки “Таърих такрор мешавад. Ҳамон гуна, ки бисёре пешбинӣ мекарданд, арабҳои (ҳошияи) халиҷ (Форс) моро монанди дастмолкоғази (салфетка) дур андохтанд”.

Ин муоризи сурӣ дар ҷараёни нишаст бо шуморе аз саркардаҳои гурӯҳҳои террористӣ гуфт: “Арабҳои ҳошияи халиҷи Форс ба хотири ин ки натавонистанд бо ҷанг низоми Башор Асадро сарнагун кунанд, ба мо мегӯянд, ки аз имрӯз ба баъд ниёзе ба шумо надорем ва роҳҳои дигаре барои расидан ба аҳдофамон дорем”.

“Алахбор” мегӯяд, ки дар ин нишаст ин муориз ба шиддат аз бозгушоии сафорати Иморот дар Димишқ интиқод кард ва гуфт: “Замоне, ки хабарҳое дар бораи қасди Иморот барои бозкушоии сафораташ дар Димишқ ба дасти мо расид, фавран назди миёнҷиҳои байни мо ва иморотиҳо рафтам, вале онон посухи шаффофе ба ман надоданд”.

Вай дар идома эълом кард: “Ҳамин масъала боис шуд наздики воситаи саудӣ биравам ва аз ӯ бихоҳам, ки дар бораи ин мавзуъ тавзеҳ бидиҳад. Ӯ низ бо такаббур ва ғурур ба ман гуфт, ин масоил дар тахассуси шумо нест ва иртиботе ба шумо надорад”.

Ин муоризи сурӣ, ки дар Истанбул ҳузур дорад, ҳамчунин эълом кард: “Баъдан фаҳмидем, ки тасмимоте бидуни муроҷиа ба мо гирифта шуда ва ин тасмимҳо марбут ба хуруҷи сарбозони америкоӣ аз Сурия будааст”.