Бозгашти ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба фурудгоҳи Димишқ
(last modified Sun, 13 Jan 2019 06:52:16 GMT )
Январ 13, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба фурудгоҳи Димишқ

Раиси созмони ҳавопаймоии Сурия аз бозгашти тадриҷии парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба фурудгоҳи Димишқ хабар дод.

Ба гузориш ИРНА, Шифо ан-Нурӣ раиси созмони ҳавопаймоии Сурия рӯзи шанбе гуфт: Ҳайати ҳавопаймоии кишвари Уммон барои иттило аз вазъият ва имконоти фаннии фурудгоҳи Димишқ ва арзёбии шароити азсаргирии парвози Маскат – Димишқ, ба Сурия сафар кард.

Ан-Нурӣ афзуд: Ширкати ҳавопаймоии "ал-Хлиҷ”-и Баҳрайн ва "ал-Иттиҳод”-и Аморот низ барои боздид ва иттилоъ аз вазъияти фаннии фурудгоҳи Димишқ, ба Сурия дархости сафар ироа кардаанд.

Ҳамакнун парвозҳои хориҷии ҳавопаймоии Сурия ба шаҳрҳои Теҳрон, Масква, Наҷаф, Карбало, Дубай, Абудабӣ, Шарҷа, Доҳа, Манома, Кувайт, Қоҳира, Масқат, Хартум ва Алҷазоир анҷом мешавад.

Бисёре аз кишварҳо, ки дар ҳашт соли гузашта ба хотири буҳрони Сурия равобити сиёсӣ ва иқтисодии худро бо ин кишвар қатъ карда буданд, дар моҳҳои охир хоҳони азсаргирии равобит бо Сурия шудаанд.