Мамнӯъ шудани сафари Шайхи Ал-Азҳар бидуни иҷозаи раисиҷумҳури Миср
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i41034-Мамнӯъ_шудани_сафари_Шайхи_Ал_Азҳар_бидуни_иҷозаи_раисиҷумҳури_Миср
Бо фармони бесобиқаи раисҷумҳури Миср «сафарҳои расми»-и мақомоти аршади ин кишвар аз ҷумла Шайхи Ал-Азҳар ба касби иҷоза аз раисиҷумҳур машрут шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 17, 2019 21:24 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯъ шудани сафари Шайхи Ал-Азҳар бидуни иҷозаи раисиҷумҳури Миср

Бо фармони бесобиқаи раисҷумҳури Миср «сафарҳои расми»-и мақомоти аршади ин кишвар аз ҷумла Шайхи Ал-Азҳар ба касби иҷоза аз раисиҷумҳур машрут шуд.

Ба гузориши рӯзномаи Ал Қудс ал Арабӣ, ба мӯҷиби дастури Абдулфаттоҳ Сисӣ сафарҳои расмии мақомоти аршади Миср аз ҷумла нахуствазир ва муовинонаш, раисони ниҳодҳои мустақил, дастгоҳҳои назоратӣ, амниятӣ ва масъулони аршади давлат, танҳо бо касби иҷоза аз раисиҷумҳур имконпазир хоҳад буд.

Ин фармони Сисӣ ҳамчунин шомили Аҳмад ал Тайиб Шайхи Ал-Азҳари Миср мешавад, дар ҳоле, ки ин ал Азҳар муассисаи динӣ ва илмӣ аст ва вобаста ба давлат ва раёсатҷумҳури Миср нест.

Ин дастури Сисӣ интиқодҳои фаъолон ва сиёсатмадоронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба думбол дошта ва онҳо ин фармонро навъе султаҷӯии раисиҷумҳур бар давлат ва ниҳодҳои мустақил ва назоратӣ донистаанд.