Январ 18, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Шарти режими саҳюнистӣ барои таҳвили кумакҳои Қатар ба мардуми Ғазза

Режими саҳюнистӣ барои ворид шудани севумин бастаи молии Қатар ба борикаи Ғазза шарт таъйин кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабари Араб-48 панҷшанбешаб ба нақл аз расонаҳои саҳюнистӣ эълом кард, Исроил шарт кардааст, ки агар оромиш дар тӯли борикаи Ғазза бо сарзаминҳои ишғолӣ барқарор нашавад ва фаластиниён роҳпаймоиҳои ҳақи бозгаштро поён надиҳанд, иҷозаи вуруди севумин кумаки молии Доҳаро ба Ғазза нахоҳад дод.

Роҳпаймоии мусолиматомези "Ҳақи бозгашт" аз 30 марти гузашта ба муносибати "Рӯзи замин" дар борикаи Ғазза оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

Аз 30 март то кунун, 255 фаластинӣ дар ин роҳпаймоӣ аз тири низомиёни исроилӣ шаҳид ва беш аз 26 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Кумакҳои молии Қатар ба борикаи Ғазза шомили 15 миллион доллар кумаки нақдии моҳона барои пардохти маоши коркунони давлатӣ ва 10 миллион доллар барои хариди сӯзишвории неругоҳҳои тавлиди барқ аст.

Қарор буд ин кумакҳо аз моҳи декабри гузашта ба сурати моҳона ба Ғазза интиқол ёбад.

Муҳаммад Алъимодӣ сафири Қатар дар Ғазза дар моҳҳои декабр ва январи гузашта моҳона 15 миллион доллар ба сурати нақдӣ аз тариқи гузаргоҳи эйзар дар Байтҳонун, шимоли борикаи Ғазза, ба ин минтақа мунтақил кардааст.

Ду миллион фаластинӣ дар борикаи Ғазза дар натиҷаи муҳосираи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии режими саҳюнистӣ аз соли 2006 то кунун бо мушкилоти ҷиддии инсонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

 

Барчасп