Сиёсати қатли тадриҷии оли Халифа дар зиндонҳои Баҳрайн
(last modified 2019-01-19T09:57:17+00:00 )
Январ 19, 2019 14:57 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати қатли тадриҷии оли Халифа дар зиндонҳои Баҳрайн

Қумитаи боздоштшудагони минтақаи Карона эълом кард, мақомоти амниятии режими оли Халифа дар зиндони марказии “Ҷу” -и Баҳрайн бо ҳадафи интиқом аз зиндониёни озодии баён, сиёсати гуруснагидоданро дар пеш гирифтаанд.

Кумитаи боздоштшудагони минтақаи Карона рӯзи шанбе афзуд, ҳадафи режими оли Халифа аз мамониат дар таҳвили ваъдаҳои ғизоӣ ба зиндониёни ин кишвар, шиканҷа ва саркӯби мухолифони ин режим аст.

Мақомоти режими оли Халифа аз оғози инқилоби Баҳрайн дар соли 2011 сароҳатан эълом карданд, ки аз сиёсати гуруснагӣ додан барои ба зону даровардани инқилобиюн ва фаъолони сиёсӣ истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Ҷалол Фирӯз, намояндаи собиқи маҷлиси Баҳрайн ва аз фаъолони ҳуқуқии ин кишвар, ҳамакнун Баҳрайн бо беш аз панҷ ҳазор зиндонии сиёсӣ, рутбаи нахустро дар миёни кишварҳои ҷаҳон ба худ ихтисос додааст.

10 созмони ҳуқуқи башар бо эътироз ба бархурди бади мақомоти баҳрайнӣ бо зиндониёни сиёсӣ, аз режими оли Халифа хостаанд, ки созукорҳои ҳуқуқи башарии муътабаре дар ин замина эҷод кунад.

 

 

Барчасп