Феврал 06, 2019 10:58 Asia/Dushanbe
  • Афсонаи подоши амири Қатар ба бозикунони тими миллии футболи ин кишвар

Гуфта мешавад, шайх Тамим бин Ҳамд оли Сони, амири Қатар ба бозикунони тими миллии кишвараш пас аз қаҳрамонӣ дар Ҷоми миллатҳои Осиё ҷоизаҳои бисёр арзандае ҳадя кардааст.

Ба гузориши Спутник, як манзили маскунӣ дар Лондон, як адад мошини Лексуси модели 2019, 10 миллион риёли қатарӣ маоши моҳона то абад, сарфи ноҳор дар рӯзи ҷумъа дар девони амирӣ ба ҳамроҳи амири Қатар маҷмӯаи ҷоизаҳое буд, ки амири Қатар пас аз қаҳрамонии тими миллии кишвараш дар Ҷоми миллатҳои Осиё ба аъзои ин тим эҳдо кардааст.

Тими миллии Қатар тавонист дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё бо бартарӣ муқобили Ҷопон ба мақоми қаҳрамонӣ бирасад.

Қатар ҳанӯз расман ин подоши афсонаиро таъйид накардааст.

 

Барчасп