Феврал 06, 2019 15:27 Asia/Dushanbe
  • Подоши нуҷумӣ ба бозикунони тими миллии Қатар такзиб шуд

Сухангӯи Федератсияи Футболи Қатар хабари пардохти подоши нуҷумӣ ба бозикунони Қатар аз сӯйи амири ин кишварро такзиб кард.

Ба гузориши Варзиш -3, ба нақл аз ИСНА, рӯзи баъд аз қаҳрамонии Қатар дар Ҷоми миллатҳои Осиё - 2019 дар бархе расонаҳои эронӣ ба нақл аз твитти як корбарт эронӣ хабаре мунташир шуд, ки дар он унвон шуда буд, амирт Қатар ба хотири қаҳрамонии тими миллии ин кишвар дар Ҷоми миллатҳои Осиё подошҳое назири як хона дар Лондон, як мошини Лексус, 10 миллион риёли қатарӣ, маоши моҳона то абад ва сарфи ноҳор ҳамроҳ бо амири Қатар барои бозикунон дар назар гирифтааст.

Алӣ Ассалот, сухангӯи Федератсияи Футболи Қатар ва мудири расонаии тими миллии Қатар ин хабарро такзиб кард ва гуфт, ин хабар, ки дар расонаҳои эронӣ мунташир шудааст, дурӯғи маҳз аст. Чунин подоше ба бозикунони тими миллии футболи Қатар тааллуқ нагирифтааст.