Кудатои дохилии ДИИШ зидди Бағдодӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i41566-Кудатои_дохилии_ДИИШ_зидди_Бағдодӣ
Як расонаи англисӣ аз кудатои дохилӣ дар гурӯҳи террористии ДИИШ алайҳи Абубакр ал-Бағдодӣ саркардаи аршади ин гурӯҳ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 08, 2019 20:11 Asia/Dushanbe
  • Кудатои дохилии ДИИШ зидди Бағдодӣ

Як расонаи англисӣ аз кудатои дохилӣ дар гурӯҳи террористии ДИИШ алайҳи Абубакр ал-Бағдодӣ саркардаи аршади ин гурӯҳ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, рӯзномаи “Гардиан” дар гузорише навишт: Абубакр ал-Бағдодӣ саркардаи аршади ДИИШ аз як кудатои дохилӣ дар моҳи гузашта ба дасти ҷангҷӯёни хориҷӣ дар ғарби Сурия ҷони солим ба дар бурд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, баъзе манобеъ дар дастгоҳҳои иттилоотии ғарбӣ гуфтаанд, ки талош барои кудато алайҳи Бағдодӣ даҳуми моҳи январи гузашта дар шаҳраке наздики минтақаи Ҳаҷин дар устони Дайруззури Сурия иттифоқ афтод.

Дар ин кудато ҷангҷӯёни хориҷии ДИИШ ба таври амдӣ ба табодули оташ бо муҳофизони шахсии ал-Бағдодӣ пардохтанд, аммо ӯ тавонист аз ин амалиёт ҷони солим бадар барад ва ба минтақае дар муҷовирати Саҳро мунтақил шавад.

Дар ин даргирӣ ду нафар кушта шуданд, ки ба гуфтаи як манбаи иттилоотӣ яке аз ин ду нафар ба шиддат ба ал-Бағдодӣ наздик буд.

Дар ҳамин ҳол ДИИШ барои куштани Абумаоз Алҷазоирӣ, ки яке аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ ва муттаҳам ба даст доштан дар террори Абубакр ал-Бағдодӣ аст, подош таъйин кард.