Феврал 14, 2019 19:39 Asia/Dushanbe
  • СММ: Яман шоҳиди бадтарин буҳрони инсонӣ аст

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона дар ишора ба идомаи ҷанги хонумонсӯз ва вайронгари режими Саудӣ ва муттаҳидонаш алайҳи кишвари арабии фақири Яман ҳушдор дод, ки Яман бо бадтарин буҳрони инсонӣ рӯбарӯ аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Аҳд, дафтари СММ дар умури башардӯстона эълом кард, буҳрони инсонӣ дар Яман бадтарин буҳрон дар ҷаҳон шудааст.

Ин дафтар афзуд, 24 миллион шаҳрванди яманӣ ниёз ба кумак ё ҳимоят доранд.

Дафтари Созмони милал дар умури башардӯстона тасреҳ кард, ниёзҳои башардӯстона дар Яман ба мизони 27 дарсад нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Пеш аз ин, 14 созмони имдодрасон ва хайрияи байналимилалӣ хоҳони иқдоми фаврӣ барои костан аз шиддати буҳрони инсонии шадиди ношӣ аз ҷанги эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба Яман шуда буданд.

Kimberly Brown, масъули сиёсатҳои башардӯстонаи Кумитаи ҷаҳонии Салиби Сурх низ "хоҳони таваҷҷуҳи бештаре ба яманиҳо шудааст, ки бо бадтарин буҳрони инсонӣ дар ҷаҳон рӯбарӯ ҳастанд".

Вай гуфт, 85 ҳазор кӯдак ба иллати даргирӣ ҷони худро аз даст додаанд ва асароти гуруснагӣ ба шиддат бештар мешавад.

Бар асоси гузориши соли 2018 СММ, дастикам 8 миллион нафар дар остонаи қаҳтӣ қарор дорад ва ҳудуди ду миллион нафар низ гумонбар ба ибтило ба вабо ҳастанд.