Хамирдандони заҳролуд - омили марги Ёсир Арафот
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i41848-Хамирдандони_заҳролуд_омили_марги_Ёсир_Арафот
Мушовири Ёсир Арафот, раиси фақиди Ташкилоти худгардони Фаластин гуфт, Арафот бо хамирдандони оғушта ба заҳр террор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 20, 2019 11:42 Asia/Dushanbe
  • Хамирдандони заҳролуд - омили марги Ёсир Арафот

Мушовири Ёсир Арафот, раиси фақиди Ташкилоти худгардони Фаластин гуфт, Арафот бо хамирдандони оғушта ба заҳр террор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, Бассом Абушариф, мушовири раиси фақиди ташкилоти худгардони Фаластин дар мусоҳиба бо шабакаи моҳвораии A ONE TV эълом кард, Ёсир Арафот ҳар бор дандонҳояшро мисвок мезад, миқдоре аз заҳр вориди ласа ва баъд вориди хуни ӯ мешуд.

Абушариф афзуд, як хабарнигори исроилӣ ба ӯ гуфта буд, Исроил қасд дорад Арафотро ба қатл бирасонад.

Бассом Абушриф ҳамчунин бо иштибоҳ хондани ҳузури фаластиниҳо дар Паймони Осло гуфт, дар воқеъ тавофуқ бо исроилиҳо як дом буд ва бархе аз афрод ҳақоиқро ба наҳве барои Арафот таҳриф карданд то ӯ фикр кунад, ки Осло роҳи ташкили кишвари мустақили Фаластин аст.

Ёсир Арафот, муассиси ҷунбиши Фатҳ дар соли 1959 аст, ки аз соли 1994 то 2004 раиси Ташкилоти худгардони Фаластин низ буд.

Арафот 11 ноябри соли 2004 дар бемористоне дар Порис даргузашт.