Феврал 23, 2019 19:19 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши забони чинӣ дар мадорис ва донишгоҳҳои Арабистон

Расонаҳои Саудӣ аз тарҳи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон барои омӯзиши забони чинӣ дар мадорис ва донишгоҳҳои ин кишвар хабар додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, ин тарҳи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ пас аз амалиётӣ шуда, ки ӯ дар сафар ба Чин бо мақомоти Пекин барои гунҷондани забони чинӣ ба унвони барномаи дарсӣ дар ҳама давраи таҳсилӣ дар мадорис ва донишгоҳҳои Арабистон тавофуқ кард.

Хабаргузории давлатии Арабистон(Восс) навишт, ин иқдом бо ҳадафи талош барои тақвияти равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Арабистон ва Чин ва таъмиқи шарокати роҳбурдӣ дар ҳамаи сутӯҳ ва заминаҳо сурат мегирад.

Тавофуқ дар бораи гунҷондани забони чинӣ, метавонад танаввӯи фарҳанги донишҷӯён дар Арабистонро тақвият ва дар расидан ба аҳдофи омӯзиши Арабистон дар қолаби чашмандози 2030 ин кишвар кумак кунад.

Хабаргузории “Восс” низ дар аввалин “твитт”-и худ ба забони чинӣ, муҳиммтарин аҳдофи тарҳи гунҷондани забони чинӣ дар тамоми давраи таҳсилии Арабистонро ташреҳ кард.