Нақши аслии Арабистон дар муҳокимаи Шайх Исо Қосим
Дабири кулли Ҷунбиши "ал-Аҳрор"-и Баҳрайн омили аслии муҳокимаи Шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршади шиаи Баҳрайнро Арабистон донист.
Саид Шаҳобӣ, дабири кулли Ҷунбиши "ал-Аҳрор"-и Баҳрайн дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Меҳр" зимни интиқод аз мавзеъҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ дар қиболи муҳокимаи Шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршади шиаи Баҳрайн эълом кард, ин иқдоми режими Оли Халифа тасмимӣ буда, ки дар Арабистон гирифта шудааст. Ӯ афзуд, тасмими режими Оли Халифа барои муҳокимаи Шайх Исо Қосим як тасмими золимона аст, ки бидуни шак, паёмадҳои вахиме барои ин режим дорад.
Дабири кулли Ҷунбиши "ал-Аҳрор"-и Баҳрайн хотирнишон кард, мардуми Баҳрайн танҳо як чизро медонанд ва як шиор сар медиҳанд ва он ин аст, ки режими Оли Халифа бояд бисоти худро аз Баҳрайн ҷамъ ва бо курсии қудрат худоҳофизӣ кунад ва шиори «Мардум хоҳони суқути низом ҳастанд» ҳамчунон дар хиёбонҳои Баҳрайн танинандоз аст.
Режими Оли халифа қарор аст, имрӯз, панҷшанбе, Шайх Исо Қосимро ба далелҳои сохта муҳокима кунад.
Режими Баҳрайн моҳи июн соли 2016 мақоми шаҳрвандии Шайх Исо Қосим, рӯҳонии барҷастаи шиаро салб кард, ки ин иқдом вокунишҳои тундеро дар байни шиаёни Баҳрайн ва ҷаҳон барангехт.
Баҳрайн сар аз феврали соли 2011 саҳнаи эътирозоти мусолиматомези зидди режими Оли Халифа аст. Мардуми Баҳрайн хоҳони ислоҳоти сиёсӣ, озодӣ, барқарории адолат, рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоми мунтахаб дар кишваршон ҳастанд, аммо режими Оли Халифа ҳамвора бо саркӯб ба эътирози онон посух медиҳад.