Март 02, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  •  Алҳуси: Британия шарики мутаҷовизон ба Яман аст

Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман ҷумъашаб дар вокуниш ба изҳороти Ҷереми Ҳонт, вазири умури хориҷаи Британия дар хусуси тавофуқи сулҳи Алҳудайда гуфт, мардуми Яман медонанд, ки Лондон шарики ҷурми кишварҳои мутаҷовиз ба хокашон аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алмусайраи Яман, Муҳаммадалӣ Алҳуси бо ишораи ин ки изҳороти Ҳонт бо ҳадафи тавҷеҳи чеҳраи кишварҳои мутаҷовиз ба Яман аст, афзуд, твити вазири умури хориҷаи Британия дар ҷиҳати адолат нест, балки дар хидмати барномаҳои Амрико ва Исроил дар Шӯрои амният аст.

Алҳуси афзуд, Британия дигар як миёнҷии бетараф дар ҳалли буҳрони Яман маҳсуб намешавад.

Ҷереми Ҳонт, ки дар Уммон ба сар мебарад, рӯзи ҷумъа бо Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи Ҷунбиши мардумии Ансоруллоҳи Яман дар бораи тавофуқи Стокголм ройзанӣ кард.

Дар ҳамин ҳол Ҳонт дар твите хостори хуруҷи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман аз бандари Алҳудайда шуд.

Оташбаси мавриди тавофуқ дар Шветсия миёни гурӯҳҳои яманӣ аз бомдоди сешанбеи 18 декабр дар шаҳри Алҳудайда оғоз шуда, аммо эътилофи Саудӣ ҳар рӯз онро нақз мекунад.

Чаҳорумин даври музокироти сулҳи Яман аз 6 декабр бо ҳузури тарафҳои яманӣ ба раёсати Мартин Гриффитс, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман дар Стокголми Шветсия оғоз шуд ва рӯзи панҷшанбеи 13 декабр бо тавофуқ дар бораи оташбас дар Алҳудайда ба кори худ поён дод.

То кунун чандин бор барои поён додан ба ҷанги Яман таҳаррукоте сурат гирифта, аммо ҳар бор бо коршикании Арабистон ва муттаҳидонаш ба бунбаст расидааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Барчасп