Март 03, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Таҳқиқи Ироқ дар бораи фурӯши занони эзадӣ дар Арабистон

Намояндаи собиқи қавми эзадии Ироқ дар парлумони ин кишвар аз барномаи таҳқиқ дар бораи интиқол ва фурӯши занони асири эзадӣ ба дасти ДИИШ дар Арабистон ва бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Ҳоҷӣ Кандур Ашшайх, намояндаи собиқи қавми эзадии Ироқ дар парлумони ин кишвар гуфт, иттилооте дар даст аст, ки нишон медиҳад, занони эзадии рабудашуда тавассути ДИИШ ба Арабистон ва бархе дигар аз кишварҳои арабии минтақа бурда шудаанд. Ашшайх ҳамчунин аз ташкили парвандаи қазоӣ барои гӯрҳои ҷамъии қурбониёни эзадӣ дар ҳуҷуми ДИИШ ба минтақаи Санҷор, аз тавобеи вилояти Найнаво (шимоли Ироқ) пас аз поёни ҳамоҳангиҳо бо иқлими Курдистони Ироқ хабар дод.

Гурӯҳи террористии ДИИШ бо ҳамла ба Санҷори Ироқ дар соли 2014 мардони эзадиро ба қатл расонд ва занонро барои сӯистифодаи ҷинсӣ ва фурӯш ба унвони барда ба асорат гирифт. Бархе аз ин занон бо талоши неруҳои “Алҳашдушшаъбӣ” ва нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ дар тӯли солҳои ҷанг бо ДИИШ аз дасти ин гурӯҳи террористӣ озод шуданд, аммо ҳанӯз сарнавишти теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ин ақаллияти динӣ номаълум аст.

 

Барчасп