Беш аз 700 диишии хориҷӣ дар зиндонҳои ироқӣ
(last modified 2019-03-06T09:05:47+00:00 )
Март 06, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 700 диишии хориҷӣ дар зиндонҳои ироқӣ

Як масъули парвандаи ҳуқуқи башар дар Вазорати додгустарии Ироқ аз вуҷуди беш аз 700 террористи хориҷии ДИИШ дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Алфурот, Комил Амин аз масъулони парвандаи ҳуқуқи башар дар Вазорати додгустарии Ироқ рӯзи сешанбе бо баёни инки бештари унсурҳои хориҷии ДИИШ тобеъияти Туркия доранд гуфт, бахше аз ин ашхос кудак ва навҷавон ҳастанд, ки ба кишварҳои худ бозгардонда мешаванд ва теъдоди дигаре аз онҳо дар Ироқ мутаваллид шудаанд дар ҳамонҷо муҳокима ва ба марказҳои бозпарварӣ супорида мешаванд.

Ба гуфтаи Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ унсурҳои хориҷии ДИИШ, ки кишварҳои худашон аз таҳвили онҳо худдорӣ мекунанд пас аз баррасии эҳтимоли мушорикати онҳо дар фаолиятҳои террористии ин кишвар дар додгоҳҳои Ироқ муҳокима мешаванд.

Чанде пеш Бағдод ҳудуди 250 диишии табаъаи Ироқро аз Сурия таҳвил гирифт ва ба зиндон мунтақил кард.

 

Барчасп