Март 08, 2019 20:20 Asia/Dushanbe
  • Ширкати беш аз 40 ҳазор фаластинӣ дар намози ҷумъаи Масҷидулақсо

Даҳҳо ҳазор фаластинӣ бо вуҷуд тадбирҳои амниятии шадиди низомиёни режими саҳюнистӣ дар намози ҷумъаи ин ҳафтаи Масҷидулақсо ширкат карданд.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, беш аз 40 ҳазор фаластинӣ аз манотиқи мухталифи Қудси ишғолӣ, каронаи бохтарӣ ва сарзаминҳои ишғолии 1948, имрӯз дар Масҷидулақсо ҳозир шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки режими саҳюнистӣ монеъ аз ҳузури ҳазорон нафари дигар ба вижа аз сокинони каронаи бохтарӣ дар Масҷидулақсо ба манзури ширкат дар намози ҷумъа шуд ва онҳо маҷбур шуданд намози ҷумъаро дар кӯча ва хиёбонҳои атрофи Масҷидулақсо иқома кунанд.

Бар асоси ин гузориш, шумори зиёде аз фаластиниҳо, намози ҷумъаро дар мусаллои Бобурраҳма иқома карданд.

Садҳо фаластинӣ ахиран бо ҳаракат ба самти Масҷидулақсо дар шаҳри Қудс, дарвозаи вурудии мусаллои Бобурраҳмаро пас аз 16 сол боз карданд.

 

Барчасп