Эътирофи Либерман ба нотавонии режими саҳюнистӣ дар баробари муқовимати Фаластин
Вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ ва раҳбари Ҳизби «Исроил - хонаи мо» ба нотавонии ин режем дар баробари муқовимати Фаластин эътироф кард.
Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Авигдор Либерман, вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки ин режим дар баробари муқовимати Фаластин дар минтақаи ҷануб таслим шудааст ва авзоъ дар марзҳои шимолию ҷанубии арозии ишғолӣ дар ҳоли ҳозир муташанниҷ аст ва то ду соли дигар вазъият ба маротиб бадтар хоҳад шуд. Либерман муддаӣ шуд, замоне ки вазир ҷанг буд, қасди тағйири сиёсатҳои режими саҳюнистӣ дар қиболи Ғазза ва барандозии муқовиматро доштааст, аммо бархе аъзои кобинаи амниятӣ бо ӯ мухолифат карда ва тарҷеҳ додаанд, ки ӯро канор бизананд, ба ҳамин хотир чорае ҷуз истеъфо аз симмати худ надоштааст.
Лозим ба зикр аст, ки Либерман қабл аз тасаддӣ ба симмати вазири ҷанг таҳдид карда буд, ки дар сурати тасаддии ин мақом зарфи 48 соат Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамосро террор хоҳад кард, аммо ин рӯёи ӯ ҳаргиз муҳаққақ нашуд ва дар ниҳоят шикаст дар баробари муқовимат мӯҷиби истеъфои ӯ шуд.