Март 13, 2019 19:36 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон Натанёҳуро ба кӯдаккушӣ муттаҳам кард

Раисҷумҳури Туркия, нахуствазири Исроилро ба кӯдаккушӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории Анатолий, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷамъи ҳаводорони ҳизби худ дар Анкара, дар вокуниш ба изҳороти ахири Бенямин Натанёҳу, мабнӣ бар ин ки Фаластин фақат мутааллиқ ба яҳудиён аст, эълом кард, Натанёҳу як золим аст, ки аз куштани кӯдакони ҳафтсола ҳам ибое надорад ва онҳоро ба қатл мерасонад.

Раисҷумҳури Туркия тасреҳ кард, муборизаи мардуми ин кишвар дар роҳи идораи Қудс мутаносиб бо аҳамияташ барои ҷаҳони Ислом то охирин нафас идома хоҳад дошт.

 

Барчасп