Ним миллион мушак ва бомба бар сари мардуми Яман
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: Эътилофи Саудӣ дар чаҳор соли гузашта бо беш аз 250 ҳазор ҳамлаи ҳавоӣ дар Яман 500 ҳазор мушак ва бомба бар сари мардуми ин кишвар рехтааст.
Ба гузориши ИРНА, Яҳё ас-Сариъ ба истифодаи эътилофи Саудӣ аз таслиҳоти мамнуъа дар Яман ишора кард ва гуфт: Эътилоф Саудӣ дар чаҳор соли гузашта беш аз 6 ҳазор бомбаи хӯшаӣ бар сари мардуми Яман рехтааст.
Ҳамлаҳои эътилофи Саудӣ бо бомбҳои хӯшаии сохти Амрико ва Британия ба Яман дар ҳоле аст, ки истифода аз ин бомбаҳо бар асоси конвенсияи муҳиммоти хӯшаии мусавваби соли 2008 мамнӯъ аст.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор Яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.