Март 17, 2019 20:58 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Натаняҳу дар бораи нақши Эрон дар интихоботи Исроил

Нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки пирӯзии вай дар интихоботи ояндаи ин режим номушаххас аст, барои қатъӣ кардани муваффақияти худ дар ин рақобатҳо иттиҳоми ҷадидеро мутаваҷҷеҳи рақибонаш кард.

Ба гузориши расонаҳои саҳюнистӣ, Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар суханони бесобиқае муддаӣ шуд: «Ҳимояти Ҳукумати Эрон аз Бенни Гантз ва Яир Лапид равшан аст».

Дар рӯзҳои гузашта хабари ҳак шудани телефони ҳамроҳи Бенни Гантз аз сӯйи Эрон мӯҷиби бурузи ҷанҷоли расонаӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва баҳрабардории Натаняҳу аз он шуда буд.

Натаняҳу шомгоҳи шанбе дар “Твиттер”-и худ навишт, «Шабак” таъйид карда, ки нахуствазир хабаре аз масъалаи телефони Гантз надоштааст. Гантз ва Лапид ин ҳақиқатро махдуш мекунанд, ки Ҳукумати Эрон ошкоро аз онҳо ҳимоят мекунад. Онҳо ҳомии БарҶОМ буданд, аммо Натаняҳу бо он мубориза кард».

 

Барчасп