Шиори ҷолиби ироқиҳо дар эъломи ҳамбстагӣ бо селзадагони Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i42810-Шиори_ҷолиби_ироқиҳо_дар_эъломи_ҳамбстагӣ_бо_селзадагони_Эрон
Дар пайи селфароӣ дар чандин устони Эрон гурӯҳҳои мухталифе аз мардуми Ироқ бо шиори ҷолибе бо мардуми Эрон эъломи ҳамбстагӣ карда ва ба ҷамъоварии кумакҳои нақдию ғайринақдӣ машғуланд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 31, 2019 12:10 Asia/Dushanbe
  • Шиори ҷолиби ироқиҳо дар эъломи ҳамбстагӣ бо селзадагони Эрон

Дар пайи селфароӣ дар чандин устони Эрон гурӯҳҳои мухталифе аз мардуми Ироқ бо шиори ҷолибе бо мардуми Эрон эъломи ҳамбстагӣ карда ва ба ҷамъоварии кумакҳои нақдию ғайринақдӣ машғуланд.

Ба гузориши ИРНА, ба дунболи фарохони расмии гурӯҳи муқовимати исломии Ҷунбиши нуҷабои Ироқ мардуми ин кишвар дар маъракаи кумак ба селзадагони Эрон ширкат карданд.

Гурӯҳҳои мухталиф аз мардуми Ироқ бо шиори «Зери оташ будем, моро ёрӣ кардед, ҳоло шумо зери селоб ҳастед ва навбати ёрии мо расидааст», кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии худро ба дафтарҳои Ҷунбиши нуҷабо дар вилоятҳои Бағдод, Басра, Наҷаф, Карбало, Девония, Диёла, Бобул, Мисон, Мусанно, Зиқор ва Салоҳуддин таҳвил доданд.

Ҷунбиши нуҷабо дар ин фарохон бо ишора ба аҳамияти ҳимоятҳои мардумӣ ҳатто дар қолаби як паёми ёрӣ таъкид кардааст, ки ин фурсате барои посух додан ба некии миллати Эрон дар даврони буҳрони Ироқ дар набард бо террористҳо аст.

Дар пайи боришҳои бесобиқа дар рӯзҳои ахир чандин устони Эрон, аз ҷумла Гулистон, Мозандарон, Форс, Луристон, Хузистон ва Кирмоншоҳ дучори селобу обгирифтагӣ шудаанд. Бар асари ҷорӣ шудани сел дастикам 45 тан ҷони худро аз даст доданд, садҳо тан масдум шуданд ва хисороте ба зерсохтҳои шаҳрию заминҳои кишоварзӣ ворид шуд.