Март 31, 2019 18:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости 456 созмони арабӣ барои таваққуфи ҷанг дар Яман

Маркази озодии матбуоти Тунис дар ёддоште, ки ба имзои 456 созмони арабӣ расидааст, таваққуфи ҷанги золимонаи Арабистон алайҳи Яман ва ҳалли буҳрони инсонӣ дар ин кишварро хостор шуд.

Ба гузориши рӯзномаи “Алқудсуларабӣ”, ин ёддошт ба Вазорати хориҷии Тунис ба унвони кишвари мизбони сиюмин иҷлоси сарони Иттиҳодияи Араб ироа шуда, ки аз имрӯз дар ин кишвар оғоз ба кор кардааст. Ин ёддошт бо унвони "Бёнияи Тунис дар бораи поёни ҷанг, таҷовуз, шикастани муҳосира ва барқарории сулҳ", дар воқеъ, натиҷагирӣ аз конфронсе аст, ки Маркази озодии матбуот дар феврали гузашта дар Тунис баргузор кард ва дар он ба баррасии вазъияти инсонӣ дар Яман дар натиҷаи ҷанг, муҳосира ва куштор пардохт. Дар ин ёддошт лағви муҳосираи Яман, боз кардани фурудгоҳи Санъо ва мувофиқат бо вуруди кумакҳои инсонӣ ба сурати фаврӣ ва беқайду шарт дархост шудааст. Ҳамчунин дар ин ёддошт иҷрои тавофуқномаи Стокҳолм дар заминаи озодии асирони ҷанг, рӯшан шудани вазъияти мафқудон, таваққуфи фурӯши силоҳ ва ташкили кумитаи таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи ҷароими ҷангӣ дар Яман дархост шудааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои арабию ғарбӣ аз марти соли 2015 таҷовузи низомӣ ба Яманро оғоз карда ва ин ҷангафрӯзӣ то кунун ба кушта ва захмӣ шудани ҳазорон яманӣ ва оворагии миллионҳо тан мунҷар шудааст.