Апрел 09, 2019 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Ироқ: Муқовимат шона ба шона дар канори сипоҳи Посдорон меистад

Сухангӯи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ душанбешаб иқдоми хасмонаи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар террористӣ эълом кардани сипоҳи Посдорони инқилоби исломиро ба шиддат маҳкум кард ва изҳор дошт, сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар канори миллатҳои минтақа дар баробари нақшаҳои Вашингтон истодааст.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Саиҷаъфари Ҳусайнӣ афзӯд Муқовимати Ироқ шона ба шона дар канори сипоҳи Посдорон барои руёруӣ бо ҳаргуна таҳаввулот дар минтақа хоҳад истод.

Сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии алНуҷабаи Ироқ низ душанбешаб дар вокуниш ба иқдоми хасмонаи Трамп алайҳи сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ тасреҳ кард ин иқдоми Вашингтон ҳеҷ таъсире бар рӯйкарди ҳеҷкадом аз гуруҳҳои муқовимати исломии Ироқ ва низ неруҳои инқилобии ин кишвар нахоҳад гузошт.

Саид Ҳошими Мусавӣ бо баёни инки ин тасмими Трамп бахше аз иқдомоти хасмонаи Амрико дар таҳрими якҷонибаи Эрон аст таъкид кард Ироқ аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон табаъият намекунад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар баёнияе, ки Кохи Сафед онро мунташир кард, эълом кард сипоҳи Посдорони инқилоби исломиро дар рӯйхатти гуруҳҳои террористии Амрико қарор додааст.

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ нақше асосӣ дар мубориза бо террористҳои мавриди ҳимояти Амрико дар минтақа дорад.

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ барои мубориза бо гуруҳҳои такфирӣ-террористӣ дар Ироқ ва Сурия ба дархости расмии ин кишварҳо, кумаки машваратӣ ба онҳо ироа мекунад иқдоме, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба мазоқи Трамп хушоянд нест.