Иқдомоти якҷонибаи Амрико – монеаи ҷиддӣ дар масири ҳалли масъалаи Фаластин
(last modified Sun, 14 Apr 2019 15:48:12 GMT )
Апрел 14, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти якҷонибаи Амрико – монеаи ҷиддӣ дар масири ҳалли масъалаи Фаластин

Раиси Маркази мутолиоти роҳбурдии Вазорати умури хориҷии Туркия гуфт, иқдомоти якҷонбаи Амрико ба талошҳо барои ҳалли масъалаи Фаластин осеби ҷиддӣ ворид кардааст.

Ба гузориши хабаргузори “Анадолу”, Уфуқ Улутош таъкид кард, ҳимоятҳои Амрико аз рӯйкардҳои тундравона ва хушунатомези Исроил дар сарзаминҳои фаластинӣ амният ва суботи минтақаро беш аз пеш мавриди таҳдид қарор додааст. Раиси Маркази мутолиоти роҳбурдии Вазорати умури хориҷии Туркия бо интиқод аз мавозеи Иттиҳоди Аврупо дар ёфтани роҳҳале барои мушкили Фаластин тасреҳ кард, вахомати авзои иқтисодӣ дар манотиқи Фаластин шароити зиндагӣ барои мардуми минтақаро буҳронӣ кардааст.

Тасмимоти якҷонбаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти Исроил дар декабри соли 2017 ва ба расмият шинохтани ҳокимияти Исроил бар баландиҳои Ҷавлони Сурия дар марти соли 2019 бо мухолифати бисёре аз кишварҳо ва маҳофили байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст.