Апрел 15, 2019 17:09 Asia/Dushanbe
  • Оғози муҳокимаи 900 террористи диишӣ дар Ироқ

Як манбаи қазоии Ироқ аз оғози муҳокимаи 900 террористи диишӣ, ки ахиран таҳвили ин кишвар шудааст, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, як манбаи қазоӣ дар Ироқ гуфт, додгоҳи расидагӣ ба ҷароими террористӣ парвандаи садҳо террористи дииширо, ки ахиран вориди кишвар шудаанд, таҳвил гирифта ва таъйини замони муҳокимаи ин афродро оғоз кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ин террористҳои диишӣ баъд аз тасаллути нерӯҳои демократии курди Сурия бар минтақаи Албоғуз, дар шарқи Сурия таҳвили Ироқ шудаанд.

Дастгоҳи қазоии Ироқ то кунун садҳо террористи дииширо ба эъдом маҳкум кардааст.

Ироқ ҳамчунин қарор аст 12 табааи фаронсаҷиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, муҳокима кунад.

Пештар Шӯрои демократии курди Сурия аз тавофуқ бо Бағдод барои бозгардонии ҳудуди 31 ҳазор ироқӣ, азҷумла хонаводаҳои дишиҳо аз урдугоҳҳои шимоли шарқи Сурия ба Ироқ хабар дода буд.

Як манбаи амниятии Ироқ рӯзи ҷумъа гуфт, артиши Ироқ наздик ба 200 нафар аз афроди гурӯҳи террористии ДИИШ – ро аз курдҳо таҳвил гирифтааст.

 

Барчасп