Арабистон дар ҳоли фурӯпошӣ аст
Мушовири пешини Вазорати дороии Арабистон аз фурӯпошии ҳукумати Оли Сауд дар ояндаи наздик хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҳусайн Аскарӣ, мушовири пешини Вазорати дороии Арабистон гуфт, Арабистон ба далели вобастагии иқтисодӣ ба нафт ва шикаст дар иҷрои ислоҳоти ниҳодӣ ва сиёсӣ, дар остонаи "фурӯпошӣ" қарор дорад.
Вай пешбинӣ кард, дар сурати фурӯпошии Арабистон, ҳомиёни ғарбии он ба суръат ин кишварро танҳо хоҳанд гузошт ва аз Оли Сауд ҳимоят намекунанд.
Арабистон дар солҳои ахир бо ҳимоятҳои молӣ ва таслиҳотӣ аз террористҳо дар Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои минтақа, ба густариши буҳрон доманзадааст.
Арабистон ҳамчунин дар яку ним соли гузатша бо ҳамла ба Яман, ҷиноёти бешумореро муртакиб шудааст.