Дархости ҳабс барои бозигари Туркия ба иттиҳоми тавҳин ба муҳаҷҷабаҳо
(last modified 2019-04-24T08:18:59+00:00 )
Апрел 24, 2019 13:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳабс барои бозигари Туркия ба иттиҳоми тавҳин ба муҳаҷҷабаҳо

Додгоҳи Истанбул хостори зиндонӣ шудани бозигари саршиноси туркӣ ба иттиҳоми тавҳин ба чанд зани муҳаҷҷаба шуд.

Ба гузориши рӯзи чоршанбеи хабаргузории Тасним, додгоҳи Истанбул бо танзими як додномаи ҷадид  дархост кардааст, ки ин зани бозигар барои 6 моҳ то як сол зиндонӣ шавад.

Хонум Дениз Чакир аз бозигарони машҳури синамо ва телевизиони Туркия дар соли 2018-и мелодӣ ба чанд хонуми муҳаҷҷаба тавҳин кардааст.

Дениз Чакир дар як қаҳвахона хитоб ба чанд духтари муҳаҷҷаба гуфта буд: Беҳтар нест бо ин либосҳоятон ба Эрон ё Арабистон биравед? Ин ҷо ҷои шумо нест.

Дар пайи тавҳини хонум Чакир ин чанд зани муҳаҷҷаба шикоятномае алайҳи ӯ танзим карданд.

Мақомоти ҳизби Адолат ва Тавсеа  ва Вазорати хонаводаи давлати Эрдуғон низ аз ин иқдом ҳимоят кардаанд.