Апрел 25, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Абъоди ҷиноёти оли Сауд дар эъдоми дастаҷамъии шаҳрвандони Арабистон

Эъдоми 37 шаҳрванди арабистонӣ тавасутти оли Сауд бо вокуниши густурдаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуд, аммо дар сояи ҳимояти Амрико ҳанӯз одамкушҳои саудӣ таҳрим нашуда ва аз ҳар гуна муҷозот низ маоф ҳастанд.

Вазорати кишвари Арабистон рӯзи сешанбе, 23 апрел ъэлом кард, ки 37 нафарро ба иттиҳомҳои терористӣ эъдом кардааст. Ин иқдом аз чанд ҷиҳат як ҷиноят аст.

1. Эъдоми 37 нафар мисдоқи муҷозоти дастаҷамъӣ аст. Дар ҳуқуқи байналмиллал эъдомҳои ҷамъӣ - ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият маҳсуб мешавад.

2. Эъдоми 37 шаҳрванди арабистонӣ дар фарояндҳои ғайриодилона анҷом шуд. Эътирофгирии таҳти шиканҷа ва муҳокимаи намоишӣ, ба эъдоми афроде сабаб шуд, ки бархе аз онҳо зери 18 сол ва кӯдак маҳсуб мешуданд.

Мишел Башле, камиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал зимни маҳкум кардани эъдоми 37 шаҳрванди арабистонӣ, нисбат ба набуди раванди додрасии одилона дар Арабистони Саудӣ ва гузоришҳои марбут ба эътирофгириҳои таҳти шиканҷа аз ин афрод ибрози нигаронӣ кард.

3. Аз 37 шаҳрванди арабистоние, ки эъдом шуданд, 32 нафар аз онҳо аз ақалияти шиаи ин кишвар, мардони толибилми динӣ буданд. Ин афрод на ба далели ҳимоят ва иртибот бо тероризм, ки оли Сауд муддаии он шуд, балки ба далели мушорикат дар эътирозҳои зиддидавлатӣ ба эъдом маҳкум шудаанд.

Авфи Байналмиллал дар вокуниш ба ин ҷиноятҳои оли Сауд, аз эъдом ба унвони абзори сиёсии саркӯб таъбир карда, ки ҳукумати Саудӣ аз он истифода мекунад. Дар воқеъ, ин вазъият гӯёи табъизи шадиди мазҳабӣ дар Арабистони Саудӣ аст.

4. Шаҳрвандони арабистонӣ дар шабакаҳои маҷозӣ бо эътирози густурда ба ин иқдоми оли Сауд баён мекунанд, ки ин ҷиноятҳо дар идомаи сиёсати ҳазфи ақалияти шиа анҷом шуд, ки тайи чор соли ахир бо шиддати зиёде тавассути Малик Салмон ва писараш - Муҳаммад пайгирӣ мешавад.

Нуктаи дигаре, ки бояд зикр шавад, ин аст, ки иллати бепарвоии оли Сауд дар иртикоб ба ҷиноят ва куштор дар дохил ва хориҷ аз Арабистон, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи  давлати Амрико аз ин хонадон ва сукути қудратҳои ҷаҳонӣ дар баробари пардохти долларҳои Саудӣ аст. Дар воқеъ, давлати Саудӣ аз сиёсатҳои кунунии Амрико дар баробари Ховари Миёна ба унвони фурсати беназир барои шиддат бахшидан ба саркӯби мухолифон ва мунтақидони  худ дар дохили Арабистон ва ҷиноят дар хориҷ аз ин кишвар баҳра мегирад.

Саид Шаҳобӣ, мудири андешкадаи "Хонаи Аброр" дар ин хусус гуфт, ҳукумати Арабистони Саудӣ дар ҳоле 37 шаҳрванди арабистониро эъдом кард, ки ба пуштибонии Амрико ва Исроил итминон дошт, ҳеҷ кас аз онҳо интиқод нахоҳад кард.

Дар баёнияе, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи ин ҷиноятҳои оли Сауд интишор кард низ омадааст, ки "ҳимоят ва иқдомҳои Амрико аз Арабистон муҷиб шуд то ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳифозат ва муроқибат аз ҳуқуқи инсонҳо чашмпӯшӣ кунад ва далели он низ ин аст, ки Вашингтон мехоҳад аз манфиатҳои молӣ ва нафт муҳофизат кунад".

Нуктаи поёнӣ ин ки агарчӣ Амрико аз ҷиноятҳои оли Сауд ҳимоят мекунад ва қудратҳои аврупоӣ низ сукут ихтиёр кардаанд, аммо чеҳраи оли Сауд дар афкори умумии ҷаҳонӣ ба шиддат манфӣ аст. Ба наҳве, ки афкори умумии ҷаҳонӣ аз ҳокимони оли Сауд ба унвони одамкушҳое ёд мекунанд, ки бояд маҳор шаванд.