Апрел 25, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири собиқи Қатар: Ҳуккоми араб муқасири масъалаи Қудс ва Ҷавлон ҳастанд

Ҳамад ибни Ҷосм Ол Сонӣ, нахуствазири собиқи Қатар дар ришта “Твитт”-е, ба ончӣ шикаст дар заминаҳои мухталиф барои уммати арабӣ хонд, ишора кард ва ҳуккоми арабро муқасир донист.

Нахуствазири пешини Қатар, ки худаш аз тундтарин масъулони арабии фаъол дар солҳои оғозини буҳрони Сурия буд, имрӯз мегӯяд, «мардуми араб аз бекорӣ, афзоиши молиёт ва даромади кам хаста шудаанд ва эй кош пулҳо сарфи хадамот мешуд».

Вай масъалаи Қудс ва Ҷавлони ишғолии Сурияро аз ҷумлаи ин шикастҳо донист ва гуфт, омилаш ин аст, ки ҳуккоми араб мехоҳанд ба ҳар баҳое дар қудрат бимонанд.

Ҳамад ибни Ҷосим, ки худ аз талоядорони иқдом алайҳи давлати қонунии Сурия дар солҳои нахусти буҳрони ин кишвар буд, муқасирро ҳуккоми арабӣ донист ва гуфт: «Беш аз як моҳ аст, ки аз поёни иҷлоси сарони араб гузаштааст; Аммо ҳеҷ натиҷае аз он нашунида ва шоҳид набудем бо инки мо дар авҷи ниёз ба дастёбӣ ба ҳаддиақали натоиҷи мусбат аз ин иҷлос будем».

Вай афзуд: «Замони он фаро расидааст, ки ҳаддиақал бар тавсеаи худ дар заминаҳои мухталиф тамаркуз кунем? Мардуми араб аз бекорӣ, даромади кам ва афзоиши молиётҳои мухталиф хаста шудаанд ва эй кош ин пулҳо барои тавсеаи хадамоти беҳдоштӣ, омӯзиш ва хадамоти маскан ҳазина шуда буд, аммо муттаассифона, дар моҷароҷӯиҳои ғайри қобили қабул ҳадар рафтааст».

Ибни Ҷосим таъкид кард: Агар мебинед номе аз Қудс ё Ҷавлон ва шикастҳоямон дар заминаҳои мухталиф намебарем, ба ин далел аст, ки ин масъала ба рӯёе дар зеҳни ҳуккоме мубаддал шуда, ки ҳамаи дағдағаи онҳо ин аст, ки ба ҳар баҳои валав шарофати уммат дар қудрат бимонанд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар 25-уми марти гузашта дар дидор бо Бинямин Натанёҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед фармонеро, ки дар он ҳокимияти Исроил бар баландиҳои Ҷавлон аз сӯи Амрико ба расмият шинохта мешавад, имзо кард.