Сарнахҳои тоза аз махфигоҳи Абубакр Албағдодӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i43347-Сарнахҳои_тоза_аз_махфигоҳи_Абубакр_Албағдодӣ
Як манбаи иттилоотии Ироқ гуфт, саркардаи ДИИШ ҳамакнун дар Сурия ба сар мебарад ва қасд дорад вориди Ироқ шавад, вале то кунун муваффақ нашудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 27, 2019 13:33 Asia/Dushanbe
  • Сарнахҳои тоза аз махфигоҳи Абубакр Албағдодӣ

Як манбаи иттилоотии Ироқ гуфт, саркардаи ДИИШ ҳамакнун дар Сурия ба сар мебарад ва қасд дорад вориди Ироқ шавад, вале то кунун муваффақ нашудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин манбаи иттилоотӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Русия Алявм” афзуд, ки Албағдодӣ аз чанд ҳафта пеш дар талош аст, ки вориди Ироқ шавад.

Вай бо ишора ба ин ки тадобири шадиди амниятӣ монеъ аз вуруди Албағдодӣ ба Ироқ шудааст гуфт, саркардаи ДИИШ дар минтақаи кӯҳистонии Абураҷмайн, дар Тадмури Сурия ҳузур дорад ва ба ҷуз иддаи каме аз наздиконаш аз табааҳои саудӣ, тунисӣ ва ироқӣ, касе бо ӯ нест.

Ин манбаи иттилоотӣ изҳор дошт, иллати ин ки Албағдодӣ тасмим дорад вориди Ироқ шавад, ин аст, ки теъдоди ҳомиёнаш дар Сурия коҳиш ёфтааст ва ба ҳамин далел қасд дорад аз аносири вобастаи худ дар бархе манотиқи марзии Сурия ва Ироқ баҳрагирӣ кунад.

Ин манбаи ироқӣ эълом кард, ки ин иттилоотро аз яке аз наздикони Албағдодӣ, ки ахиран боздошт шудааст, ба даст овардааст.

Дар ҳамин иртибот, Мустафо Боли, сухангӯи нерӯҳои демократии Сурия ду ҳафта пеш дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки Усома Увайд Ассолеҳ, вазири нафти ДИИШ ёздаҳ моҳ аст, ки дар боздошти ин нерӯҳо ба сар мебарад.

Ба иддаои Мустафо Болӣ, вазири нафти ДИИШ гуфта, ки Абубакр Албағдодӣ дар манотиқи таҳти тасаллути Туркия дар шимоли Сурия пинҳон шудааст.

Бо ин ҳама, ҳанӯз ҳеҷ манбае ба таври дақиқ аз сарнавишти Албағдодӣ иттилое надорад ва тамоми хабарҳо ва гузоришҳо дар ҳадди гумоназани боқӣ мондааст.