Эътирофи як шабакаи муҳимми арабзабон ба эътибори номи "Халиҷи Форс"
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i43534-Эътирофи_як_шабакаи_муҳимми_арабзабон_ба_эътибори_номи_Халиҷи_Форс
Шабакаи арабии Алҷазираи Қатар дар иқдоме аз номи Халиҷи Форс ба ду забони форсӣ ва англисӣ дар пас заминаи студия истифода кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 05, 2019 11:38 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи як шабакаи муҳимми арабзабон ба эътибори номи

Шабакаи арабии Алҷазираи Қатар дар иқдоме аз номи Халиҷи Форс ба ду забони форсӣ ва англисӣ дар пас заминаи студия истифода кард.

Ба нақл аз Спутник, шабакаи Алҷазираи Қатар, ки аз муътабартарин расонаи ҷаҳони араб ва яке аз пурмухотабтарин шабакаҳои хабарӣ дар сатҳи ҷаҳон аст дар мизигирде дар бораи Эрон аз тасвире ба унвони пас заминаи студия истифода кард, ки дар он беш аз ҳар чиз номи "Халиҷи Форс" ба ду забони форсӣ ва англисӣ ба чашм мехурд.

Ин таҳаввул дар як барномаи гуфтугӯи сиёсӣ бо унвони "Сенарияҳо", ки аз муҳимтарин барномаҳои сиёсии ин шабака ба шумор меояд ва мухотабони бисёре низ дар ҷаҳони араб дорад, руй дод.

Барандаи ин барнома Муҳаммади Киришон аз қавитарин барандаҳои шабакаи Алҷазира ва аз чеҳраҳои пурсобиқаи расонаии ҷаҳони араб қабл аз шуруъи барномааш гуфт, ин унвонро гузоштаем ба рағми инки медонем бо пахши ин тасвир мавриди ҳамлаи шадиде дар ҷаҳони араб қарор хоҳем гирифт.