Май 06, 2019 13:05 Asia/Dushanbe
  • Убакистон ва Тоҷикистон ду кишвари пешрав дар ҷаҳон дар фуруши тилло

Бузургтарин фурушандагони тилло дар се моҳи аввали имсол, Бонкҳои Марказии Узбакистон, Муғулистон ва Тоҷикистон буданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, гузориши нави Шурои ҷаҳонии тилло (worid Gold Council)  мегуяд, аз моҳи январ то моҳи марти соли 2019 Узбакистон 6.2 тон, Муғулистон 3.2 тон ва Тоҷикистон 1 тон аз ин фелезоти гаронбаҳоро фурухтаанд.

Аввалин кишвари харидори тилло тибқи омори ин шуро русия будааст. Дар семоҳи аввали ҷорӣ, Бонки марказии Федератсияи Русия 55.3 тон тилло ро харидори ва ҳаҷми захираҳои худро то 2168.3 тон афзоиш додааст.

 Ҳамчунин ҳаҷми зиёде аз тилло дар ин давра тавассути Бонкҳои Марказии Туркия, Чин, Қазоқистон, Эквадор,Қатар, Ҳинд ва Калумбия харидори шудааст.

Дар соли гузашта дар Тоҷикистон, ҳаҷми тиллои ба даст омада барои Ҷумҳури як рекорд будааст,ки 6,4 тон буд. Ба гуфтаи Вазорати саноеъ ва Маъодан, тамоми тиллои истихроҷшуда дар Ҷумҳури, ба Бонки Миллии Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Узбакистон низ омода аст, то содироти тиллои худро ба мизони 80 тон дар соли 2019 афзоиш диҳад,ки 10 тон бештар аз соли қабл аст.