Май 11, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Бародари валиаҳди саудӣ дар боздошти бародараш

Фаъоли твиттерӣ ва ифшогари асрори хонадони саудӣ дар тозатарин паёми твиттерии худ ҷузъиёти боздошти бародари валиаҳди саудиро фош кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Муҷтаҳид, ки ба ифшогари асрори хонадони саудӣ дар фазои маҷозӣ маъруф аст, имрӯз, шанбе дар силсилапаёмҳои твиттерӣ ҷузъиёте дар бораи боздошти Бандар бин Салмон тавассути бародараш Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудиро фош кард.

Муҷтаҳид навишт, Бандар бин Салмон, бародари Муҳаммад, ки ахиран ба далели машкук будани валиаҳд ба ӯ боздошт шудааст, баъд аз муддате боздошти инфиродӣ, ба мазраъае дар минтақаи Алхарҷ мунтақил шудааст.

Ба навиштаи ин фаъоли твиттерӣ, бадрафторӣ бо Бандар бин Салмон дар рӯзҳои аввали боздошташ барои ӯ мушкилоти рӯҳӣ эҷод кардааст, вале Муҳаммад бин Салмон дар миёни афроди хонадон ин гуна иддао карда, ки далели боздошти бародараш зиёдаравии ӯ дар масрафи маводи мухаддир будааст.

Бандар бин Салмон, аккоси мустанад аст ва бародари тании Муҳаммад ва писари панҷуми Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Саудӣ аст.

Ба навиштаи Муҷтаҳид, модари Муҳаммад бин Салмон низ, ки ахиран аз ҳабси ӯ озод шудааст, аз вазъияти Бандар ранҷур аст ва нисбат ба валиаҳд кина дорад, вале наметавонад барои озодии Бандар коре кунад.

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон, пеш аз ин модари худ Фаҳда бинти Фолеҳро бо дастури мустақим ҳабси хонагӣ кард. Ба тавре, ки ҳеҷ кас ҷуз бо иҷозаи Муҳаммад бин Салмон наметавонист бо вай дидор кунад.

Ин мавзуъ баъд аз он иттифоқ афтод, ки модари Бин Салмон дар қудрати писараш барои таҳаммули масъулияти ҳокимият дар Арабистон ибрози тардид карда буд.