Боздошти ҳоҷиёни баҳрайнӣ тавассути нерӯҳои амниятии саудӣ
(last modified Sun, 18 Sep 2016 12:44:42 GMT )
Сентябр 18, 2016 17:44 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҳоҷиёни баҳрайнӣ тавассути нерӯҳои амниятии саудӣ

Шуморе аз шаҳрвандони баҳрайнӣ ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ боздошт шуданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории "Мирот-ул-Баҳрайн", Идораи амнияти Арабистон 9 нафар аз шиаёни Баҳрайнро дар ҳангоми адои маносики ҳаҷ боздошт кардааст.

Ҳамчунин гузарномаи теъдоди дигаре аз зоирони шиаи баҳрайнӣ ҳангоми бозгашт ба кишваршон забт шудааст, ки далели ин иқдом ҳанӯз мушаххас нест.

 Гуфтанӣ аст, режими Оли Сауд аз ибтидои инқилоби мардуми Баҳрайн дар соли 2011 низомиёни худро барои саркӯби шаҳрвандони баҳрайнӣ ба ин кишвар эъзом карда ва дар моҳҳои ахир низ дар бекор кардани тобеияти шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн нақши мустақим ифо кардааст.

 Саудиҳо имсол ба далоили беасос монеи ҳузури зоирони бархе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрон ва Сурия дар маносики ҳаҷҷи иброҳимӣ шуданд.