Май 16, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Покистон аз таҳаррукоти низомии Амрико дар Халиҷи Форс

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон таҳаррукоти низомии Амрико дар Халиҷи Форсро танишзо донист.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Файсал рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ дар Исломобод дар вокуниш ба таҳаррукоти низомии артиши Амрико дар минтақаи Халиҷи Форс гуфт, ин таҳаррукот нигаронкунанда аст ва мӯҷиби афзоиши таниш дар минтақа мешавад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон аз тамомии тарафҳо дар минтақа хост бо хештандорӣ аз тариқи гуфтугӯ ихтилофотро ҳал кунанд.

Муҳаммад Файсал хотирнишон кард, ҳузури новгони ҷангӣ ва бомбафканҳои амрикоӣ дар минтақа, авзои амниятӣ дар минтақаи Ховари Миёнаро, ки аз қабл бо буҳрон рӯбарӯ буд, буҳронитар кардааст.