Май 21, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Кашфи 12 гӯри ҷамъӣ аз қурбониёни ДИИШ дар Ироқ

Тими вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид аз кашфи 12 гӯри ҷамъӣ аз қурбониёни ДИИШ дар манотиқи мухталифи Ироқ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ дар пайи юриш ба Ироқ дар июни соли 2014 беш аз ҳазору 293 ироқии эзадимазҳабро қатли ом ва дар гӯрҳои ҷамъӣ дафн кард.

Дар Ироқ то кунун чандин гӯри ҷамъӣ бо ҳазорон пайкари муталошишудаи марбут ба қурбониёни ҷиноятҳои ДИИШ кашф шудааст.

Нерӯҳои амниятӣ, артиш ва басиҷи мардумии Ироқ дар манотиқи мухталифи ин кишвар дар амалиёти мутааддид дар садади решакан кардани бақияҳои аносири террористии ДИИШ ҳастанд.

Давлати Ироқ декабри соли 2017 пирӯзӣ бар террористҳои ДИИШ-ро эълом кард.

 

Барчасп